Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии Меҳри Модар ба кор дароварда шуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маркази таълимию хизматрасонӣ асосан аз таълимгоҳи калонсолон бо синфхонаҳо барои омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ, забономӯзӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ иборат аст. Танҳо дар коргоҳи дӯзандагии ин марказ наздики 150 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ҳамагӣ беш аз 250 ҷойи корӣ дар ин бино муҳайё хоҳад шуд.
Дар паҳлӯи маркази таълимӣ ва хизматрасонӣ бинои дуошёнаи чойхонаи зебои миллӣ ва тарабхона ифтитоҳ ёфт, ки ҳарду дорои қариб 300 ҷойи нишаст мебошанд. Ин бино ҳам аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст. Дар ин бино 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар толори тарабхона хатнасури дастҷамъонаи 100 писарча ва тӯйи хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон аз хонаводаҳои ниёзманд ороста шуд, ки нишонаи пайравии соҳибкорони саховатпешаи кишвар ба амалҳои башардӯстонаи Сарвари давлат мебошад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як писарчаи хатнашаванда бозичаю шириниҳо ва ба ҳар ҷуфти навхонадорон туҳфаҳои хотиравию асбоби рӯзгор ба мисли телевизору яхдон, гилем ва кортҳои бонкӣ бо маблағи муайяни пасандоз ҳадя намуд.
Дар ҳамин мавзеъ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони як бинои 6-ошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуд, ки дорои қариб 50 хона хоҳад буд ва қисме аз онҳо чун манзили хизматӣ ба кормандони корхонаю муассисаҳои бунёднамудаи соҳибкор Анвар Қурбонов дода мешавад. Дар рафти сохтмони ин бинои истиқоматӣ қариб 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста