Намояндагони Тоҷикистон, ки ба сифати нозирон интихоботи президентии пеш аз муҳлат дар Қазоқистонро пайгирӣ мекунанд, имрӯз, 24 апрел ба Остона сафар карданд.
Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мутахассисони КМИР Абдуллоҷон Нормуҳаммедов, Муҳаммадборон Зойиров, Парвина Расулова ва Абдулло Холиқов ба сифати нозирони кӯтоҳмуҳлати байнулмилалӣ дар ҳайати кишварҳои узви ИДМ дар маъракаи мониторинги интихоботи мазкур иштирок мекунанд.
Ғайр аз ин, ду нафар вакилони аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ - муовини раиси Кумита оид ба муносибатҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва итттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Ҷамшед Саидов ва узви Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷаввонони МНМО ҶТ Ҷаббор Аҳмедов низ ба ҳайси нозирон дар маъракаи интихоботи президентии Қазоқистон ҳузур хоҳанд дошт.
Қобили зикр аст, ки Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон ба сифати номзадҳо ба мансаби президентӣ дар ин маърака се довталаб - президенти амалкунандаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз ҳизби «Нур Отан», номзади Ҳизби комннистии халқӣ Тургун Сиздиков ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Абелгази Кусаиновро ба қайд гирифтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста