Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати ба мансаби олии Президенти ин кишвар такроран интихоб шуданаш барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «халқи Қазоқистон бо изҳори ризоияти худ пуштибонии васею бешубҳаи сиёсати созандагии Шуморо ба манзури шукуфоии кишвар, дар арсаи ҷаҳон бемайлон баланд бардоштани обрӯи он ва беҳбудии халқи он ба тамоми ҷаҳон намоиш додва муваққиятҳое, ки дар ин ҷода ба даст омадаанд, бо номи Шумо зич алоқаманданд».
«Қаноатмандии худро аз рушди ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Қазоқистон иброз дошта, аминам, ки Шумо минбаъд ҳам ба рушду густариши ҳамкории байни мамлакату халқҳоямон мусоидат мекунед. Мо аз ҷониби худ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни ҳар ду давлат ҳамаи чораҳои заруриро мебинем», - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон, дар маъракаи интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар ин кишвар, президенти амалкунандаи Қазоқистон Нурсултон Назароев бо касби 97,7%-и овозҳо пирӯзӣ ба даст овард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста