Машварати навбатии сайёри раисони Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД рӯзҳои 26-27 май дар Душанбе баргузор мешавад.
Раиси Кумитаи оид ба мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки машварат дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати роҳбари Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба амнияти миллӣ Валерий Гайдукевич доир мегардад.
Ба гуфтаи Маҷидзода, вакилони парлумони кишварҳои узви СААД дар қатори баррасии лоиҳаҳои қонунҳои модулӣ, ҳамчунин аз марзи Тоҷикистону Афғонистон низ боздид намуда, бо шароити будубошу хизмати марзбонони тоҷик аз наздик ошно мешаванд.
«Ғайр аз ин, намояндагони парлумонҳои Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон боз ба Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ ташриф меоранд», - афзуд Маҷидзода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста