Дар шаҳри Брюссел вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Иттиҳодияи палатаҳои аврупоии савдо ва саноат “EUROCHAMBRES” Арналдо Абрудзини баргузор гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сӯҳбат масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба бо Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муҳокима шуданд.
Сафири Тоҷикистон ба мусоҳибон оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод.
Ба намояндаи баландпояи Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ҳамчунин маводҳои иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон супорида шуданд. А.Абрудзини омодагию ҳавасмандии махсуси худро оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз доштанд.
Боиси зикр аст, ки Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” соли 1958 ба сифати намояндаи доираи соҳибкорӣ дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо таъсис ёфтааст. Иттиҳодияи мазкур беш аз 20 миллион корхонаҳои бузург ва хурду миёна дар Аврупо тавассути аъзогии 45 иттиҳодияи миллӣ ва шабакаи аврупоии 1700 палатаи минтақавию маҳаллиро дар бар мегирад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста