Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иттилоъ медиҳад , ки рӯзи 8 май дар шаҳри Маскав вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад.
Сарони аксари кишварҳои узви ИДМ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба, ки рӯзҳои 8-10-уми май дар Маскав дар назар аст, ба пойтахти Русия ташриф оварданианд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Русия, ташрифи худ ба чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳри Маскавро сарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон тасдиқ кардаанд .
Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзҳои 7-8 май аз Маскав боздид намуда, рӯзи 9 май гузашти низомӣ ба ифтихори ҷашни Ғалаба дар Минскро қабул карданист.
Васоити ахбори умум бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳанд , ки дар гузашти низомии Маскав бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов низ ҳузур нахоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, президенти Украина Петр Порошенко барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати Иди Ғалаба аз президенти Русия Владимир Путин даъватнома нагирифтааст .




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста