Дар чаҳорчӯби Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир, ки дар потахти Туркманистон - шахри Ашқобод ҷараён дорад, мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот роҳбарони идораҳои сиёсии хориҷӣ аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти онҳоро дар ҳама арсаҳо таъкид намуданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва дигар масоили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо Директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов низ гуфтушунид карда, ҷонибҳо аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти мубориза бо ин чолишҳо таъкид намуданд.
Ҳамзамон, ҳар ду ҷониб баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба маводи мухаддирро, ки 27 майи соли равон дар ш. Душанбе дар назар аст, мавриди муҳокима қарор дода, доир намудани онро, ки як сол қабл аз Ҷаласаи вежаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба мушкилоти маводи мухаддир дар соли 2016 баргузор мегардад, хамчун амали саривақтӣ арзёбӣ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста