Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раисон ҳарду паалатҳои парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода будем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо президенти Ветнам Чионг Тан Шанг дидору гуфтушунид карданист.
Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ, ки бо ташаббуси Ветнам доир мегардад, баррасии маҷмӯи васеи масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафйн дар назар аст.
«Айни замон ҳамчунин масъалаи имкони баргузории вохӯрии дуҷонибаи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав низ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста