Зимни суханронӣ дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав, ки рӯзи 8 май доир гардид, президенти Тоҷикистон аз ҳамтоҳои худ даъват кард, ки баҳри таъмини амният дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод чораҳои таъҷилӣ андешида шавад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки инсоният давоми солҳои баъдиҷангӣ дар ҷангҳо ва низоъҳои дохилии марбут ба падидаҳои зуҳури терроризму ифротгароӣ ва миллатгароӣ шояд на камтар аз набардҳои мубориза бо фашизм қурбониҳо дода бошад.
«Ба ҳамаи ин зарурати ҷиддии ҳалли мушкилоти муҳимтарини марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод ва муқовимати муштарак ба чолишҳо аз Афғонистон илова мешавад. Фикр мекунам, ки фаъолшавии босуръати фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи «Толибон» дар минтақаи марзҳои берунаи ИДМ, пайдошавии омилҳои ба истилоҳ Давлати исломӣ низ ба тамоми Иттиҳоди мо хатар эҷод месозанд, зеро миёни ин ҳаракату гурӯҳҳо шаҳрвандони зиёди кишварҳои узви ИДМ ба мушоҳида мерасанд ва ҷалби онҳо ба ин гурӯҳҳо дар қаламрави кишварҳои мо далели бебаҳс аст, ки мо бояд ба он муқовимат намоем», - таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста