Дар доираи сафари расмӣ ба Ҳиндустон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо намояндагони бонуфузи доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон мулоқот намуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва раҳбарияти ширкати CHL Limited-и Ҳиндустон баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, С.Аслов дар назди ҳозирин оид ба сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва тадбирҳое, ки ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар амалӣ мекунад, суханронӣ кард. Дар ин росто имконияту роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ махсус таъкид гардиданд.
Гуфта мешавад, аз ҷониби намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон алоқамандии воқеӣ ба татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Барои тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳо ва баррасии лоиҳаҳои муштарак пешниҳод шуд, ки дар рӯзҳои наздик сафари доираҳои соҳибкории Ҳиндустон ба Тоҷикистон сурат бигирад.
Дар ҳошияи мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо доираҳои соҳибкории Ҳиндустон сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ҷолибияти Тоҷикистонро барои сармоягузориҳои хориҷӣ муаррифӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста