Пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов дар муроҷиати видеоии худ изҳороти собиқ ҳаммаслакони ҳизбии худ вобаста ба истеъфояшро мавриди интиқод қарор дод.
Муроҷиат тариқи видеоро Абдураҳмонов дар саҳифаи фейсбукии худ гузошт. Ба гуфтаи ӯ, собиқ ҳамсафонаш на фаъолияти ӯ ба сифати пешвои ҷиноҳи ҷавонони ҳизб, балки ҳаёти шахсии ӯро муҳокима мекунанд.
Ӯ ҳамчунин ҳикоят мекунад, ки чӣ гуна ба соҳибкорон бо талаби ҷудо кардани воситаҳо барои баргузории маъракаи пешазинтихоботии ҲХДТ номаҳо ирсол шуда, шахсан ӯ барои он 30 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Абдураҳмонов ҳамчунин ба изофанависиҳо дар фаъолияти «Созандагони Ватан» ҳарф гуфта, изҳор мекунад, ки ба ӯ чандин маротиба гуфтаанд, ки ҳатто метавонад барои фаъолияти соҳибкориаш андоз насупорад ва барои ин касе ӯро чизе намегӯяд.
Бо интиқод аз фаъолияти бархе аз мансабдорони ҲХДТ И.Абдураҳмонов зикр мекунад, ки онҳо танҳо аз шумори зиёди ҳизб ситоиш мекунанд: «Шумо ҳамеша худситоӣ мекунед, ки тӯли 20 сол 250 ҳазор нафар ҷонибдорон ҷамъ овардаед. Аммо чаро шумо ҳеҷ гоҳ намегӯед, ки тӯли ин 20 сол 2 млн. нафар шаҳрвандон кишварро тарк карданд ва кай шумо дар бораи бозгашти онҳо фикр мекунед? Бо ин суръат ва одамоне чун шумо мо онҳоро дар зарфи 100 сол ҳам баргардонида наметавонем».
Дар фарҷоми муроҷиат Исфандиёр Абдураҳмонов мегӯяд, ки ӯ ҳамеша ҷонибдори ҳизб буд ва чунин мемонаду чизе мухолифи ҳизб надорад, баръакс пешвои онро эҳтиром мекунад.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрел пешвои бахши ҷавонони ҲХДТ Исфандиёр Абдураҳмонов, ки аввали моҳи январ ба ин вазифа интихоб шуда буд, аз мансабаш истеъфо дод.
Баъдан Шӯрои ташкилоти «Созандагони Ватан» дар робита ба истеъфои пурсарусадои собиқ пешвои худ Исфандиёр Абдураҳмонов қарор (резолютия) қабул карда , дар он собиқ роҳбари худро маҳкум намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста