Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Ивановои Русия Павел Конковро, ки имрӯз бо сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд, ба ҳузур мепазирад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вохӯрии сарвари давлати Тоҷикистон бо раиси вилояти Иваново субҳи рӯзи 22 май доир гардида, дар он масъалахои густариши ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон бо ин вилоят баррасӣ мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ба масоили таҳкими робитаҳои корхонаҳои нассоҷии вилояти Иваново бо пахтакорони тоҷик ва таъмини ҳимоя аз ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар ин минтақаи Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 22 май Павел Конковро ҳамчунин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳузур пазируфта, раиси вилояти Иванов дар доираи сафар ба Тоҷикистон аз вилояти Суғд ва Хатлон боздид ва бо раҳбарияти ин вилоятҳо низ дидору гуфтушунид мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста