Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20 май брифинг доир гардид, ки дар он роҳбарону шахсони масъули намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки рӯзҳои 9-11 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, шинос карда шуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар брифинг қайд шудааст, ки Конфронси мазкур бар асоси қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз 19 декабри соли 2014 таҳти унвони «Даҳсолаи байнулмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва кӯшишҳои минбаъда оид ба ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои обӣ» баргузор шуда, дар кори он дабири кулли СММ Пан Ги Мун ширкат хоҳад варзид, ки аз муҳим будани ин чорабинӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад.
Зикр гардид, ки ҳудуди 72 ҳайати кишварҳои узви СММ ва беш аз 50 созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ ба котиботи Конфронс иштирокашон дар ин чорабиниро тасдиқ карда, шумори то имрӯз сабтшудаи иштирокчиёни Конфронс наздики 700 нафарро ташкил медиҳад, ки тамоми минтақаҳои ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста