Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Русия Павел Конковро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду кишвар баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои муносиботи Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда, аз ҷумла зикр намуд, ки “Федератсияи Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буду ҳаст, зеро ҳоло наздики 50% сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ба ин шарики стратегии мо рост меояд”.
Таъкид гардид, ки “бояд ин тамоюл натанҳо нигоҳ дошта шавад, балки густариш ёбад”.
Бо таваҷҷуҳи махсус ба робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар, аз ҷумла миёни вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Ивановои Русия таъкид гардид, ки дурнамои чунин ҳамкорӣ басо умедворкунанда аст.
Тазаккур дода шуд, ки ҳоло миёни минтақаҳои ду кишвар беш аз 75 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Рушди ҳамкорӣ бо вилояти Ивановои Русия дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, сохтмон, технологияҳои муосир, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чун пахта, меваю сабзавот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифат дорои дурнамои хуб номида шуд.
Ба масоили муташаккилона ба роҳ мондани фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг сурат гирифт. Ёдоварӣ шуд, ки ҳоло 500 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии воқеъ дар вилояти Ивановои Русия таҳсил мекунанд ва имкон дорад ин шумора оянда хеле афзун гардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста