Пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон волоҳазрат шоҳзода Оғо Хони IV моҳҳои наздик аз минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ боздид мекунад.
Дар ин бора шоҳзода Оғо Хони IV дар мактуби табрикиаш ба нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба муносибати ба ин мансаб таъин шуданаш хабар дода, зикр намудааст, ки моҳҳои наздик ӯ ба Осиёи Марказӣ омада, бо ҷараёни корҳои сохтмони маҷмааҳои зисти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин (Қирғизистон), Хоруғ (Тоҷикистон) ва Текели (Қазоқистон) шинос мешавад.
Ёдрас мекунем,ки бори охир шоҳзода Оғо Хони IV аввали моҳи апрели соли 2012 бо сафари якрӯза ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Моҳи ноябри соли гузашта сафари ӯ ба Тоҷикистон дар нақша буд, вале он сурат нагирифт.
Шоҳзода Оғо Хони IV муассис ва сарпарасти лоиҳаҳои сершумори хайрия аст, ки дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои пасошӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ амалӣ мешаванд. Таҳти раҳбарии ӯ созмони Aga Khan Development Network амал мекунад, ки дар доираи он як қатор муассисаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маърифативу фарҳангӣ фаъолият доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста