Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ айни замон дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили муқовимат ба ифротгароӣ дар минтақаи Шарқи Наздик дар Швейтсария ширкат меварзад.
Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъд аз ин конфронс Кабирӣ аз шаҳри Берлин боздид хоҳад кард, ки дар он ҷо вохӯрии ӯ дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва дар шаҳри Дортунд вохӯриаш бо диаспораи тоҷикон дар ин кишвар дар назар аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар идома раиси ҲНИТ дар шаҳри Брюссел бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили минтақаи Осиёи Марказӣ дидору гуфтушунид мекунад.
Муовини раиси ҳизб ҳамчунин гуфт, аввали ҳафтаи оянда Муҳиддин Кабирӣ ба ватан бармегардад.
Қобили зикр аст, ки пас аз интихоботи санаи 1 марти соли ҷорӣ ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Тоҷикистон, ки номзадҳои ҲНИТ ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ роҳ наёфтанд, Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар раҳсипор шуда, муддати қариб се моҳ аз кишварҳои гуногун боздид ва дар кори анҷуману конфронсҳои сершумор иштирок кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста