Сиёсатмадори маъруф ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки Тоҷикистонро зарур аст дар фурсати наздиктарин мавқеъаш оид ба узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)-ро муайян созад.
Ба андешаи ӯ, муддати тӯлонист, ки ҳукумати кишвар зиёну манфиатҳои воридшавӣ ба ин Иттиҳодро омӯхта, мавқеъашро низ оид ба ин масъала муайян намекунад.
«Қазоқистону Беларус ва Арманистон, ки имконоти иқтисодиашон нисбат ба Тоҷикистон бамаротиб зиёд асту ба дастгирии беруна ниёз надоранд, бидуни дудилагӣ ба ин Иттиҳод шомил шуданд ва онҳо аллакай кайҳо таҳлил карданд, ки дар ин иттиҳод иқтисоди онҳо бештар рушд меёбад, мо бошем, ҳоло ҳам дар фикру андешаем», - иброз дошт ӯ.
Шабдолов мутмаин аст, ки ҳаракати озоди сармоя, молу маҳсулот ва қувваи корӣ, ки онро ИИАО кафолат медиҳад, пеш аз ҳама имрӯз ба кишварҳое чун Тоҷикистон хеле зарур аст.
«Замони шӯравӣ Тоҷикистон ба ҳайси кишвари саноатӣ-аграрӣ дониста шуда, имрӯз ба кишвари танҳо аграрӣ табдилд ёфтааст ва бахши аграриии мо феълан дар ҳоли фано қарор дорад, ки қарзи беҳад зиёд дошта, танҳо узвият ба ИИАО метавонад кишварро аз ин ҳолат раҳо кунад», - мегӯяд раиси ҲКТ.
Сиёсатмадор чунин мешуморад, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ», ки аз ҷониби ҳукумат таҳия шудааст, ба комилан ҳаллу фасл кардани мушкилоти муҳоҷират, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон аз мушкилоти иҷтимоӣ ба мушкилоти сиёсӣ табдил шудааст, қодир нест.
Шабдолов муътақид аст, ки имрӯз танҳо дар доираи ИИАО Тоҷикистон метавонад мушкилоти марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ, беҳбуди сатҳи маорифу тандурустӣ ва ғайраро ҳал намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста