Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Федератсияи Русия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Русия дар асоси санадҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ шуда, бештар ба авзои кунунии минтақа, хусусан шиддати вазъият дар шимоли Афғонистон ва масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Гуфта мешавад, дар ин робита доир ба навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки яке аз тасмимҳои муҳими дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи ҳамкории мудофиавӣ мебошад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамгироии ҳамоҳангшудаи сохторҳои қудратию низомии Тоҷикистон бо Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия бояд тақвият ёбад.
Ҳамчунин доир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Русия ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста