Сафорати ИМА аз баста шудани дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ изҳор намуд.
Дар изҳороти имрӯз интишоршудаи намояндагии дипломатии ИМА дар ин робита зикр мегардад, ки Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист.
«Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро барои фаъолият кардан бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ дастгирӣ менамоянд», - омадааст дар изҳорот.
Гуфта мешавад, сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори оммаи озоду мустақил бо ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзои воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дошта, аз ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунад, ки маҳдудиятро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ бардорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста