Рӯзи сешанбеи ҳафти оянда Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» иштирок мекунад.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик, Пан Ги Мун дар Душанбе бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, ҳамчунин аз кӯли Сарез низ боздид мекунад.
«Сафари Дабири кулли СММ ба Осиёи Миёна пас аз нишасти «Ҳафтгонаи бузург» (G7) дар Олмон шурӯъ мешавад. Рӯзи 8 уми июн Пан Ги Мун дар вохӯрӣ оид ба терроризм бо шарикон аз G7 ширкат меварзад», - гуфтааст намояндаи расмии Дабири кулли СММ.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дидору гуфтушуниди Дабири кулли СММ бо канслери Олмон Ангела Меркел ва вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар назар буда, сипас Пан Ги Мун ба Тоҷикистон (9 июн), Қазоқистон (10 июн), Қирғизистон (11 июн), Ӯзбекистон (12 июн) ва Туркманистон (13 июн) сафар мекунад.
Ҳамчунин зикр мегардад, зимни сафар ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дабири кулли СММ бо сарони ин кишварҳо ва шахсони воломақоми расмӣ дидору гуфтушунид карда, дар як қатор чорабиниҳои байнулмилалӣ ширкат меварзад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста