Рӯзи 7 июни 2015 дар бинои Китобхонаи Миллӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сеюмин ҷаласаи Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда бо мақсади коркарди барномаи фарогири Конфронс бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагони об ва шахсони тасмимгиранда, аз ҷумлаи намояндагони давлатҳои шарик, институтҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҳавзавию дарёӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, секторҳои хусусӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор ташкил карда шуд.
Зимни суханрнӣ назди иштирокдорони конфронс Сироҷиддин Аслов изҳор намуд, ки дар конфронси байнулмилалии Душанбе (9-11 июн) беш аз 1,5 ҳазор нафар аз зиёда аз 99 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд варзид, ки ҳукуматҳо, ниҳодҳои СММ, созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои кор бо занону кӯдакон ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро намояндагӣ хоҳанд кард.
«Ин гувоҳи то кадом андоза ба конфронс таваҷҷуҳ зоҳир намудани ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамчунин нишондиҳандаи кори муваффақи омодагӣ ба он аст. Ба Форуми оби вобаста ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, он ҳудуди 100 нафар намояндагони 13 кишвари ҷаҳонро гирдиҳам овард», - қайд кард С.Аслов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста