Субҳи рӯзи якшанбе, 7 июн бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоии ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, корвони иборат аз 76 мошинҳои пурбор ба роҳ баромад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи маълумот ба 8597 оилаҳои камбизоат ва ниёзманди вилоят дар ҳаҷми умумии 1100 тонна маводи ғизоӣ ва илова бар ин, ба 670 нафар тарбиягирандагони мактаб – интернатҳои вилоят ва 77 нафар ятимони кулл сару либос ва пойафзол, инчунин ба маъюбон аробачаҳои маъюбӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ кумак карда мешавад.
Гуфта мешавад, арзиши умумии маводу маҳсулоте, ки ба сокинони ниёзманди вилоят фиристода шуд, панҷуним миллион сомониро ташкил дода, кумаки зикршуда беш аз 60 ҳазор нафар аҳолии вилоятро фаро мегирад.
Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади ба таври шаффофу мақсаднок дастрас намудани молу маҳсулот аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста