Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону СММ баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари мо арзи сипос намуд.
Бо қаноат зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии ин комиссияро дар соли 2015 бар уҳда дорад ва чорабиниҳои солонаи онро дар сатҳи баланд амалӣ менамояд.
Атрофи рӯзномаи конфронси Душанбе роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005-2015” табодули назар карда шуд. Ба нақши Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.
Таъкид гардид, ки Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором минбаъд ҳам аз пешрафти Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таъмини дастрасӣ ба нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ ва манотиқи деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва, умуман, барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дастгирӣ хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста