Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулл/котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Кристиан Фрис Бахро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуда, зикр гардид, ки расидан ба бисёр ҳадафҳои рушди устувор, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва барномаҳои дигари глобалӣ бармеоянд, ба татбиқи босамари лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бастагӣ дорад.
Кристиан Фрис Бах ба пешсафии Тоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба об ва пуштибонии кишвари мо аз ташаббусҳои созанда барои таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба нерӯи барқ аз тариқи рушди энергетикаи сабз ва пешгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра тавассути ба роҳ мондани иқтисоди сабз баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки амалӣ намудани тадбирҳои якҷоя ба ҳалли бисёр мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам кулли ҷаҳон мусоидати фаъол мекунад.
Ҳамчунин пешниҳоди навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалӣ бо шиори амалиёти “Об барои рушди устувор” “бисёр бамаврид, зарурӣ ва қобили дастгирӣ” номида шуд.
Бо қаноат изҳор гардид, ки тавассути даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” конвенсияҳои обии барои Аврупо қабулнамудаи СММ хислати ҷаҳонӣ пайдо намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои саъю талошҳояш барои татбиқи силсилаи лоиҳаҳо, аз ҷумла “Арзёбии эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо”, “Арзёбии рушди инноватсионии Тоҷикистон”, лоиҳаи марбут ба таҳкими иқтидори соҳаи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои тозаи экологӣ ва рушди бахши обу энергетика арзи сипос намуд.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари робитаҳо дар оянда таъкид доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста