Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири об ва нерӯи Кувайт Аҳмад ал – Ҷассорро, ки дар раъси ҳайати расмии ин давлати соҳибнуфузи араб ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар конфронси байналмилалии даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуда, ба татбиқи амалии санадҳои миёни ду кишвар имзошуда, аз ҷумла натиҷаҳои ду сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Кувайт ва сафари вазири корҳои хориҷии Кувайт ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ аз Кувайт барои татбиқи лоиҳаҳои пурсуди Тоҷикистон, аз ҷумла барои азхуднамоии захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва интиқоли оби тозаи ошомиданӣ аз кишвари мо ба давлатҳои халиҷии араб, аз роҳҳои муҳими густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.
Аҳмад ал – Ҷассор паёми хаттии Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Кувайт омода аст сармоягузорони худро барои рушди ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон ташвиқ намояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста