Дар конфронси байнулмилалии Душанбе «Об барои ҳаёт намояндаи Ӯзбекистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал Нормуҳаммад Шералиев изҳор дошт, ки беҳбуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ бидуни истифодаи сарфакоронаву оқилонаи захираҳои обӣ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, барои истифодаи сарфакоронаи захираҳои об Ӯзбекистон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад.
Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо солҳои 90-уми асри гузашта андозаи обгирӣ аз ҳавзу дарёҳо дар як сол аз 64 то 51 млрд. м3 ва ҳаҷми обгирии қиёсӣ аз сарчашмаҳо барои обёрии як гектари замини обёришаванда аз 18 то 10,5 ҳазор м3 коҳиш ёфтааст.
«Зарурати амалҳои муштараки ҳамоҳангшудаи ҳамаи кишварҳои минтақаро зикр кардан муҳим аст. Танҳо дар ҳамдастӣ ва бо эҳтироми манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа метавон амнияти ғизойӣ ва экологӣ дар минтақаро таъмин кард, зеро об захираи ҳаётан муҳими табиӣ буда, асоси некӯаҳволии минтақа аст. Ӯзбекистон ҷонибдори ҳадафҳои рушди устувор бо инобати манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя ва низомҳои экологӣ буда, муносибатҳои худро бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ роҳандозӣ мекунад», - гуфт ӯ.
Шералиев ҳамчунин зикр кард, ки ба иловаи созишномаҳои минтақавӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, соли 2007 Ӯзбекистон боз ба ду конвенсияи байнулмилалии об (Хелсинки, соли 1992 ва Ню-Йорк, соли 1997) ҳамроҳ шудааст, ки дар онҳо ба истифодаи оқилона ва боадолати захираҳои оби фаромарзӣ бидуни зиён расонидан ҳангоми истифода аз онҳо дастур дода мешавад.
«Мо ба хубӣ дарк мекунем, ки ҳалли пурсамари вазифаҳои гузошташуда оид ба таъмини амнияти ғизойӣ ва обӣ дар минтақа бидуни ҳамкории муассир ғайриимкон аст. Ӯзбекистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории созанда ва асоснок дар масоили истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ дар заминаи меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ мебошад», - иброз дошт намояндаи кишвари ҳамсоя.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста