Ахири ҳафтаи равон дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни муколамаи созанда ҷонибҳои масъалаҳои ҳуқуқи инсон, озодии сухан ва эътиқод, тавсеаи дастрасии шаҳрвандон ба кӯмаки ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои ислоҳотӣ, инчунин ҳуқуқи занон ва кӯдаконро баррасӣ намуданд.
Ёдрас мекунем, ки Эътилофи Ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, Фонди ҳуқуқи башари Хелсинки (Лаҳистон) ва Шарикии байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Белгия) аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо даъват карда буданд , ки зимни вохӯрӣ бо мансабдорони тоҷик дар Брюссел масъалаҳои ба худкушӣ даст задани Хушвахт Қаюмови 17-сола бар асари шиканҷаи кормандони милиса, Шаҳбол Мирзоеви маъюбшуда бар асари лату кӯб дар артиш ва Шамсиддин Зайдуллоеви таври мармуз дар АНМН ҳалокшударо баррасӣ кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста