Рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вашингтон 5-умин Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳо вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов роҳбарӣ намуд.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ба ҳайати кишвари мо дар машваратҳои мазкур инчунин муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев, раиси Кумита оид ба масъалаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода ва дигар намояндагони воломақоми ҷумҳурӣ шомил гаштанд.
Ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар чорабинӣ ёвари котиби давлатии ИМА хонум Ниша Десай Бисвал роҳбарӣ намуд. Ҷониби ИМА инчунин аз намояндагони Шӯрои амнияти миллӣ, Департаменти тиҷорат, Департаменти меҳнат, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва дигар мақомотҳои расмӣ иборат буд.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, энергетика ва сармоягузориро муҳокима намуданд. Инчунин табодули назар оид ба ҳамкории кишварҳо дар масъалаҳои амниятӣ, озодии дин ва ВАО ва ҳуқуқи инсон сурат гирифт.
Имрӯз, 17-уми июн мулоқотҳои алоҳидаи ҳайати кишвар бо намояндагони воломақоми ИМА дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста