Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон, имрӯз 17 июн вакилон аз тағйироту иловаи аз тарафи ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки тағйироту иловаи мазкур ба пурзӯр шудани назорати ҳукумат аз болои даромадҳои аҳзоби сиёсии кишвар нигаронида шудаанд.
«Назорат ба хотири пешгирии муомилоти коррупсионӣ, маблағгузорӣ ба терроризм ва пулшӯйии даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада пурзӯр мешавад», - гуфт вазир.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки қабули тағйироту илова маънои онро надорад, ки мақомоти дахлдори давлатӣ мунтазам сарчашмаҳои маблағгузории аҳзоби сиёсиро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
«Дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳамасола то 20 март ба нашри маълумот дар бораи даромадҳои солонаи худ дар ВАО уҳдадор мешаванд», - зикр кард вазир.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки саҳеҳияти маълумоти мазкур аз ҷониби мақомоти марбута санҷида мешавад.
Зимни суханронӣ пеомуни ин масъала раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонов изҳор кард, ки дар назари аввал тағйироту иловаҳои мазкур барои аҳзоби сиёсӣ ташвишҳои иловагӣ ба бор меоваранд. «Лекин агар онҳо барои таъмину сулҳу субот дар сарзамини мо равона шуда бошанд, мо онҳоро дастгирӣ мекунем», - гуфт С.Исмонов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста