Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ президенти Туркия Сулаймон Демирел ба президенти кунунии ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «бо эҳсоси андӯҳи бузург хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демирелро дарёфт намудам».
«Шодравон ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат буд. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод. Маҳз дар замони раҳбарии марҳум ва ба шарофати ӯ асосҳо ва таҳкурсии муносибатҳои созандаи дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия поягузорӣ шуда буданд. Ва ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст, ки Сулаймон Демирел, сарфи назар аз вазъи ноором ва вазнини кишвари мо дар солҳои аввали истиқлолият, яке аз аввалинҳо шуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дода буд», - омадааст дар барқия.
Зимнан сарвари давлати Тоҷикистон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Туркия ҳамдардӣ ва тасаллиёти амиқу самимии худро ба ин талафоти гарон изҳор мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста