Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки аз таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ даст мекашад.
Муовини аввали раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ то ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ аз сафари хидматии тӯлонӣ ба ватан баргаштанист, аммо ҳамсафонаш дар ҳизб худдорӣ аз бозгашт ба ватанро ба ӯ тавсия медиҳанд.
«ҲНИТ-ро аллакай аз иди ваҳдат маҳрум сохтанд. Мо ин сулҳро, ки таҳқиру фишори яке аз тарафҳои созишномаи сулҳро ба имзорасонида ҷой дорад, қабул надорем. Мо ба Муҳиддин Кабирӣ тавсия медиҳем, ки то замони барқарор шудани сулҳи ҳақиқӣ, хотимаи фишор болои аъзои ҳизб ва дар ниҳояти кор вокуниши ҷиддии президент ба муроҷиати мо оид ба қатъи фишор ба ҳизб ва ҷонибдорони он ба Тоҷикистон барнагардад», - қайд кард Ҳайит.
Дар робита ба масъалаи сафҳои ҳизбро дастаҷамъона тарк кардани аъзои он , Ҳайит зикр кард, ки ҲНИТ ҳатто шумори аризаҳои дахлдореро, ки ба гуфтаи ӯ, таҳти фишори мақомоти интизомӣ пешниҳод шудаанд, ҳисобу китоб ҳам накардаанд. «Барои чӣ? Худи ҳамон шом тариқи шабакаҳои давлатии телевизион дар бораи сафҳои ҳизби моро чӣ қадар тарк кардани аъзои он гузориш пахш мешавад. Мо инро намехоҳем», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 1997 дар Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста