Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котиби кумитаи ҳизбии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Гэнмаоро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот аз ҳамкории мустақими Тоҷикистон бо ин музофоти дар соҳаи кишоварзӣ машҳури Чин, ки панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, изҳори қаноат карда шуда, ҳамчунин доир ба имконоти фарохи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, сохтмон ва ғайра гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ба иҷрои нишондодҳои тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ миёни як зумра вазорату идораҳои Тоҷикистон бо музофоти Хэнан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, ёдоварӣ шуд, ки тибқи ин санад бояд аз ҷониби ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон якчанд корхонаи саноатӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, орд, равған, хӯроки омехтаи чорво ва коркарди тухмии зироатҳо сохта шавад.
Ба иттилои манбаъ зимни вохӯрӣ бо хушнудӣ зикр гардид, ки як зумра корҳои муштарак, аз ҷумла кишти пахта, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо бо технологияи муосири кишоварзӣ дар Тоҷикистон, аллакай иҷро шуда, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки корхонаҳои саноатӣ низ бояд ҳарчи зудтар сохта ба кор дароварда шаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин доир ба ташкил ва густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таҳкими минбаъдаи дӯстию ҳамгироӣ табодули назар карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста