Шоми рӯзи 23 июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО-ро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо СААШ оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дастгирии техникии сохторҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, Тоҷикистон бо СААШ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар масири омодасозии кадрҳои низомӣ, омӯзиши забонҳо, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, поксозии гуманитарии минаҳо, нобудсозии муҳиммоти ҳарбӣ, амнияти сарҳадот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгӯии офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо ҳамкории босамар дорад.
Чунин ҳамкорӣ бештар дар доираи “Барномаи шарикӣ барои сулҳ”ва “Барномаи инфиродии шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ” сурат мегирад.
Ба масоили ҳамкорӣ доир ба мусоидат ба таҳкими сулҳу эътидол дар Афғонистон ва сарҳади Тоҷикистон бо ин ҳамсоякишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Тоҷикистон тасмими Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ба хотири устувории сулҳу субот дар Афғонистон дастгирӣ менамояд”.
Ҳамчунин доир ба дигар масоили доғи минтақавӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи кишварҳои Шарқи Наздик ва пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ низ гуфтугӯйи судманд сурат гирифта, изҳори бовар шуд, ки ҳамкорӣ бо СААШ минбаъд ба хотири дастгирии бештари сохторҳои амниятию дифоии Тоҷикистон ва ба нафъи таҳкими амнияту субот дар минтақа боз ҳам густариш меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста