Беш аз 10%-и кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, ки 56 нафарро ташкил медиҳанд, аз аттестатсия (санҷиши мутобиқат ба вазифаи ишғолкарда) нагузашта, аз мансабҳояшон сабукдӯш шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии зиддифасод, аттестатсияи кормандон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои президент, ки ҳангоми вохурӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ17 феврали соли 2015 баён гардидаанд, баргузор гардид.
Гуфта мешавад, барои баргузории аттестатсия дар мақомоти Агентӣ ду комиссияи салоҳиятнок аз ҳисоби роҳбарияти Агентӣ, сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва кормандони таҷрибадори мақомот таъсис дода шуда, ба кори комиссияҳо мутахассисон аз Дастгоҳи иҷроияи президент, Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатӣ, мутахассисон аз Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мақомоти Агентӣ 79 нафар хизматчиёни давлатии соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва 309 нафар кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд. Мувофиқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ, 16 нафар хизматчиёни давлатии самти назорати давлатии молиявӣ ва 40 нафар кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ дониста шуда, аз мансабҳои ишғолкарда озод ва аз мақомоти Агентӣ хориҷ карда шуданд.
Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро 16 марти соли ҷорӣ писари калонии президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ ба роҳбарӣ гирифт.
Тибқи маълумоти мавҷуда дар «Азия-Плюс», ҳайати шахсии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз 450 воҳиди корӣ иборат аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста