Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти яке аз ходимони барҷастаи муосири Русия, собиқ сарвазир ва собиқ вазири корҳои хориҷии Русия Евгений Примаков ба президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки Евгений Примаков ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар ва ҳадафмандонаи худро ба пойдории ризоият дар ҷомеа, рушди иқтисодии Русия ва тақвияти нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ равона намуда, на танҳо дар кишвари худ, балки дар хориҷи дури он соҳиби эҳтироми хос гардида аст. «Ӯ дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадоре, ки барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бисёр талош кардааст, машҳур буд», - омадааст дар барқия.
Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон Примаковро «ҳамчун сиёсатмадори муваффақ, дипломат, олим ва фарзанди фарзонаи халқи Русия мешиносанд. Ӯ дӯсти самимии Тоҷикистон буд. Мардуми сипосгузори тоҷик саҳми ин сиёсатмадору дипломати қатъӣ ва дурбин, инсони ошкору некро дар ба даст овардани сулҳ ва ризоият дар сарзамини мо ҳамеша ёд хоҳад кард».
«Дар робита ба талафоти бебозгашти Русия тасаллияти амиқи худро ба халқи ин кишвар изҳор дошта, аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандон ва наздикони марҳум расонед», - қайд мешавад дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки сиёсатмадори варзидаи рус Евгений Примаков рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта, 26 июн дар Маскав дар сини 86-солагӣ аз олам даргузашт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста