Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз содир шудани амали террористӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои Тунис бори дигар изҳор намуд, ки ҷумҳурӣ ба иштирок дар муборизаи дастаҷамъонаи ҷомеаи байнулмилалӣ алайҳи терроризм омода аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллият ба унвони президенти Ҷумҳурии Тунис Баджи Қаид Ас- Себси дар робита ба ин амали террористӣ, ки боиси даҳҳо сайёҳон гардид, президенти Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар ҳамдардии амиқ изҳор кард.
«Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози омодагӣ менамояд, ки дар саъю талошҳои дастаҷамъонаи башарият ҷиҳати гирифтани пеши роҳи чунин ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ширкати фаъол намояд, то оромӣ ва осудагии бани Одам таъмин гардад», - омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба иттилои ВАО-и ҷаҳон, бар асари ҳамлаи террористӣ ба сайёҳон, ки дар шаҳри Сусаи Тунис содир шуд, 27 нафар ба ҳалокат расиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста