Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои нигаҳдории сулҳу субот дар кишвар ба кишварҳои кафили сулҳ миёни тоҷикон муроҷиат намуд. ҲНИТ бар ин назар аст, ки зулм нисбати ҳизб метавонад сатҳи тундгароӣ миёни аҳолиро зиёд карда, амният дар минтақаи Осиёи Марказиро зери хатар гузорад.
Муроҷиати расмии Раёсати олии ҲНИТ рӯзи 1 июл ба президенти Русия В.Путин, Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, ба САҲА, Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳоди Аврупо, роҳбарони кишварҳои кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон –Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон фиристода шуд. 18 сол қабл бо мусоидат ва сарпарастии маҳз ҳамин кишвару созмонҳо Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид.
«Раёсати Олии ҲНИТ зарур шуморид ва ба чунин қарор омад, ки бо дарназардошти вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар Тоҷикистон, ба хусус, амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти Ҳукумати ҶТнисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф ба Шумо муроҷиат намояд», - омадааст дар муроҷиат.
Ҳамчунин ишора мешавад, ки «тарафҳои сулҳ тавофуқ карданд, ки бо ҳусни эҳтиром ва тафоҳуми ҳамдигар ва риояи қонун як кишвари озоду демократӣ месозанд, ки дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодиву тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад. Ва ду ҷониби сулҳкунанда ҳамдигарро бахшида, бо зоҳиру ботин ва ақидаҳои хеш якдигарро қабул карданд».
«Аммо бо гузашти 18 сол, вазъият на танҳо бар хилофи меъёрҳои тавофуқшуда, балки беш аз он бадтар шуда истодааст. Агарчӣ, вайрон кардани бандҳои алоҳидаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле зуд оғоз гашта буд, вале ҲНИТ ба хотири ҳифзи суботу оромиш ва зери хатар қарор надодани дастоварди бузурги тоҷикон-сулҳу ваҳдат, ҳеҷ гоҳ ин масоил ва мушкилотро дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ матраҳ накард. Баръакс, ҳамеша мардум ва ҷонибдорони худро ба сабру хештандорӣ даъват кардааст, то мушкилот аз тариқи муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро пайдо намояд», - зикр мегардад дар муроҷиат.
Раёсати Олии ҲНИТ изҳори таассуф мекунад, ки тарафи дигари сулҳ - Ҳукумати ҶТ бо сӯистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишорро алайҳи шарики аслии сулҳ афзоиш бахшида, онро ба авҷи аъло расонида истодааст ва бар замми ин, ки намояндагони ҲНИТ-ро аз сохторҳои иҷроияву қонунгузории кишвар берун карданд, тамоми намуди фишору таъқибҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқиро болои аъзову ҷонибдорони ҳизб раво дида, қатъ намудани фаъолияти ҳизби расмиро дар кишвар ҳадаф қарор додаанд ва бо роҳи фишору таъқиб ва бо парвандаҳоисохтаи ҷиноиву маъмурӣ аз ҳазорон нафар иҷборан аризаи хориҷ шудан аз ҳизбро гирифта, қисми дигарро ба рӯ овардан ба хориҷи кишвар водор карданд.
Раёсати Олии ҳизб бар ин назар аст, ки чунин рафтори мақомоти давлатии Тоҷикистон на танҳо мухолиф ба Конститутсияи ҶТ ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар, балки барои оромиш ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ хатарнок аст. «Ҳазорҳо нафар аз набудани волоияти қонун, адолат ва имконияти озоди фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ноумед гашта, тарки ватан карданд ва ҳатто иддае ба гурӯҳҳои радикалӣ ҳам пайвастанд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҷустуҷӯ дорад, мақомоти давлатии Тоҷикистон бо ин гуна сиёсатҳои иштибоҳӣ заминасози пайдоиш ва рушди падидаҳои манфӣ дар кишвар ва минтақа гашта истодаанд. Метавон гуфт, ки ноком гаштани таҷрибаи нодири сулҳ ва ваҳдатсози миллати тоҷик, ки бо кӯмаку дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даст омад, ба равандҳои минбаъдаи кишвари мо ва минтақа дар оянда таъсири манфӣ хоҳад гузошт», - таъкид мешавад дар муроҷиат.
ҲНИТ хотиррасон менамояд, ки тамоми талошҳо барои пайдо кардани роҳи ҳал дар дохили кишвар, аз ҷумла муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олӣ ва дар ниҳоят ба Президенти ҶТ ҷиҳати пешгирӣ аз ин ҳама фишору қонуншиканиҳо натиҷаи мусбат надод.
«Бинобар ин, Раёсати олии ҲНИТ аз созмону кишварҳои кафили сулҳ дархост мекунад, ки ба вазъият дахолати бевосита карда, аз Ҳукумати ҶТ риояи Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои кишвар, ҳамчунин ҳусни эҳтиромро ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мақоми байналмиллалӣ дорад, тақозо намоянд», - изҳор мешавад дар муроҷиат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Ҷаҳонгир3 июл, 2015 09:30
Чаро то ҳол ҲНИТ мегӯед? Ин ҳизб фақат мақсади дар паст нигоҳ доштани шароити аҳолиро дорад. на фикри пешравию, на фикри ободии кишварамонро мекунад. Дар тӯли 18 соли чи амали некро анҷом додаст. Ҳама корҳи ҲНТ бефоида аст.
Ҷаҳонгир2 июл, 2015 16:44
ҲНИТ тамоман дар пешрафти ҶТ коре ба анҷом нарасонидааст. Кору бораш фақат оромии давлатро вайрон кардан. Ба ҲНИТ чи лозим бошад? Барои чи ин қадар талош мекунед, барои чи ин қадар мардумро намегузоред, ки оромона зиндаги кунанд!!!!
Бобозод2 июл, 2015 16:40
Ба назари мо муроҷиати расмии Раёсати ҲНИТ ба кишварҳои кафили сулҳи миёни тоҷикон тӯҳмати беасос нисбати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Аз ин муроҷиат бӯи таҳдид ба оромии кишвари мо меояд. Имрӯз кишвари мо ором аст. Мардум ба кори худ машғуланд. Агар ин ҳизб ба манфиати халқу кишвар коре карданӣ бошад, бигузор ин иғворо бас намояд. Бобозод, таърихшинос
Ризокулов 2 июл, 2015 16:14
Пас аз мутолиаи Мурочиатномаи расмии Раёсати олии ХНИТ, ки дар сомонаи ASIA-Plus нашр гардидаст, дар хар як сокини мехнаткаши Чумхурии Точикистон нафрати муайян нисбати муаллифони мурочиатнома пайдо мегардад. Дар ин самт нохост саволхои зиёд пайдо мешаванд, наход, ки аллакай дахшатхои чанги хонумонсўзи бародаркуши шахрванди аз ёди муаллифони мурочиатнома баромада бошанд? Наход, ки пешрафти иктисодию ичтимоии давлатро, некуахволии мардуми Точикистонро онхо хохиши эътироф карданро надошта бошанд. Гайр аз чунин саволхои зиёд онхо аз ёд бароварданд, ки Созишномаи умумии Истикрори Сулх ва ризоияти милли, ки 18 сол пеш байни хукумати Чумхурии Точикистон ва Иттиходияи мухолифини точик (харакати «Растохез», Хизби Демократии Точикистон, Хизби Нахзати Ислом) ва дигар мухолифинро дар бар гирифта буд баста шуд. Яъне гуфтан мумкин аст, ки Созишнома натанхо бо ХНИТ, балки бо Иттиходияи мухолифин ба вучуд омада буд,ки инро низ аз хотирашон баровардаанд. Ман хамчун шахрванди Точикистон, ки дар даврахои донишчуи дахшатхои нотинчию-нооромиро бевосита чашидаям, чунин мурочиатномахоро сахт махкум менамоям ва бо тарзи чидди шахрвандони азизамонро барои кадр намудани Сулху Вахдати миллии имрўза даъват менамоям. Боиси кайд аст, ки аз Мурочиатномаи расмии Раёсати олии ХНИТ бўи тахдид ба тинчию оромии имрўза меояд. Агар онхо ватандусту халкпарвар бошанд, бигзор ба сиёсати созандагии имрўза хамкадам бошанд. Олими иктисодшинос Т. Ризокулов
Маҷидов - Иқтисоддон2 июл, 2015 15:37
«барои нигаҳдории сулҳу субот дар кишвар ба кишварҳои кафили сулҳ миёни тоҷикон» Баъди Муроҷиати ҲНИТ «барои нигаҳдории сулҳу субот дар кишвар ба кишварҳои кафили сулҳ миёни тоҷикон» мехостам баъзе аз мулохизахои хешро иброз намоем. Албатта Чумхурии Точикистон кишвари демократи буда, он ба хизбхои гуногуни конуни ичозат додааст, то ин ки озодона фаоълият намоянд. Мо шохиди он мебошем, ки ягона хизби сиёсии дини дар Чумхурии Точикистон фаъолият мебарад. Рохбарияти Чумхурии Точикистон бахри пешравии хамачихатии сиёсиву иктисоди кўшишу гайрат менамояд. Тезу тунд шудани муносибот дар чахони имрўза водор менамояд, ки шахрвандони кишвар бахри сулху субот фаъъол бошанд ва кадамхои устувори худро гузоранд. Чанги шахрвандии солхои 1992-1997 ки аксарияти мардуми кишвар аз он азият дидаанд, дар натиҷаи фиребу найрангҳои ҷамъиятҳои ҳархела ба монанди ҲНИТ ва ғайраҳо ба вуҷуд омада буд. Ин хел ҳодисаҳо албатта боз муҳити ҷамъиятиро муташанниҷ мегардонад ва дар оянда рушди иқтисодиро ба даҳсолаҳо ақиб мепартояд. Маҷидов Абдунасим – иқтисоддон.
Юсупов2 июл, 2015 14:45
Имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ш. Маскав 18 сол қабл оғози давраи рушду нумуи Тоҷикистон гардид. Хусусан баъди соли 2000-ум рушди иқтисодии Ватани азизамон ба тамоми оламиён аён гардид. Ташкили ҷамъомадҳои бонуфузи байналмиллалӣ дар ш. Дишанбе, ки дар он хазорон меҳмонони хориҷӣ иштирок варзидану ва фикру андеши худро тавасути ВАУ изҳор намуданд, нишонаи "бо чашми хирад" дидани мувафиққиятҳои Тоҷикистон мебошанд. Фақат шахсони нотавонбин ин рушдро инкор карда метавонад
Sharafjon2 июл, 2015 13:45
Он муроҷиате, ки Шумо аз номи ҲНИТ ба кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон кардед, ба Созишномаи Истиқрори Сулҳе, ки санаи 27.06.1997 байни Ҳукумати ҶТ ва иттиҳоди мухолифин баста шуда буд номувофиқ мебошад. Зеро ин созишномаи мазкур на байни Ҳукумати ҶТ ва ҲНИТ баста ба имзо расонида шуда буд, балки байни Ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин буд. Ин дастоварди бебаҳо , яъне Ваҳдати миллӣ сарҷамъии миллати тоҷик буда аз ин неъмати пуршараф ҳамавақ шукрона бояд кард.
Солиҷонов Р2 июл, 2015 13:33
Мӯҳтарам аъзоёни Раёсати олии ҲНИТ Дар ҳошияи ин Муроҷиатнома чанд андешаҳо пайдо шуданд. Якум, то ба ҷое маълум аст, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ММТ (Мухолифини Мутаҳидаи Тоҷик; ба забони русӣ - ОТО) ба имзо расидааст. Агар ҳамин тавр бошад, пас барои чи имрӯз ҲНИТ аз номи тамоми Мухолифини Муттаҳидаи Тоҷик ба Созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои кафил муроҷиат менамояд, ки муқарраротҳои он халалдор гаштааст? Магар ин ғасби ҳуқуқу озодиҳои дигар ҳизбҳову ҳаракатҳо нест? Оё чунин кафолатро дигар ҳизбҳову созмонҳо ба шумоён додаанд? Дуюм, дар Муроҷиатнома мафҳумҳое истифода шудаанд, ки мазмуни онҳо мушаххас нест. Масалан омадааст, ки “бо назардошти вазъи номуносиби ба вуҷуд омада ...”. Суол пайдо мешавад: Вазъи номуносиб барои чи ё кадом амал? Шояд вазъи номуносиб барои сиёсигардонии ислом ё ҳаракати фарогирӣ ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою моҷароҷӯ ё ягон чизи дигар. Ибораҳои “Амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгардонӣ” ин ҳама боз ҳамон суханбози асту бас. Агар Ҳукумати Тоҷикистон ягон аъзои ҲНИТ – ро маҳз барои эътиқодаш ба дини мубини ислом таъқиб карда бошад, онро рӯи рост гуфтан лозим аст. Агар ҳуқуқу озодиҳои бархе аз аъзоёни ҲНИТ барои рафтори ғайри қонунӣ маҳдуд шуда бошад ин гапи дигар аст. Сеюм, эътидол ва сулҳу оромии ҷомеаи имрӯзаи мо, гарчанде он баъзе костагиҳо дошта бошанд ҳам, аз вазъи ҷангу ҷидол ва ноороми беҳтар аст. Ин фикри мо нест, балки мутафаккирони маъруфи олам ба мисли Конфутсий, Суқрот ва дигарон борҳо таъкид намудаанд. Мӯҳтарам аъзоёни Раёсати олии ҲНИТ! Биёед барои манфиатҳои сиёсии як ҳизб шуда, чомеаи тинҷу ороми хешро бесаранҷом нагардонем. Бешак, нақши Созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои кафил дар сулҳи тоҷикон назаррас аст, аммо мо бояд хуб эҳсос намоем, ки дар ҷаҳони мутағайири имрӯза ягонтои онҳо пайгири манфиатҳои миллии шуда наметавонанд. Мо, тоҷикон ҷомеаи худро дар ҳолати эътидол нигоҳ дорем ва онро азнав созем. Бо эҳтиром д.и.ф. Солиҷонов Р
Ismatjon Juraev2 июл, 2015 13:04
Ҳизби сиёсие, ки масъалаҳои дохили давлатиро худ ҳал карда наметавонад, пас метавон онҳоро ҳамчун ҳизби «сиёсӣ» эътироф карда онҳоро ба арсаи сиёсат интихоб кунад халқ????????
Аноним...2 июл, 2015 13:00
Ин танхо барои шуриш бардоштан байни мардуми ором мебошад... ба монанди солхои 91-95, Аммо худи ин шуриш гарон вактеки марум мехезанд аз байн мегурезанд ба монанди рубоххо... Мардум, акли солими худро кор фармоед, ва бинед ки окибати ин игво андозихо ба чи оварда мерасонад... дигар давлатхои чахонро бинед ки дар айни хол чи тавр хунрези шуда истодааст байни мардуми одди, байни додару бародад, байни мусалмон бо мусалмон... оё шумо мехохед ки дар Точикистонхам чунин бошад?? Оё мехохед ки якрузе Худо нишон надихаду дар мукобили бародари худ падари худ бо ярок истед? Мехохед хаминтавр шуданашро?? агар не, баъд ба хархел шуришу игво бовар накунед!!! ва аз сулху ороми будани кишварамон шукр карда оромона зиндаги ба сар баред!!! Боки Худои мехрубон нигахбони мову шумо, ва бигзор акли солимро барои мову шумо Аллохи мехрубон бахшояд...
рафик2 июл, 2015 11:47
ХНИТ шарм доред! "амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти Ҳукумати ҶТ нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф". Кадом шахсиятхо, кадом хизбхо ва гуруххо. Шумо - ХНИТ худро дар шакли чамъ овардед ё дигар хизбхоро низ дар назар доред. Масъалаи дохили хонаро ба берун баровардан ин камоли марди нест.