Бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел), муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин Марказ сарфароз гардиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маркази мазкур унвони профессори фахриро бо назардошти аҳамияти байналмилалии таҷрибаи нодири сулҳи байни тоҷикон ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон додааст.
Боиси зикр аст, ки Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ соли 1985 бо ташаббуси профессорони донишгоҳҳо, дипломатҳо ва хизматчиёни давлатии аршад бо мақсади пешбурди тадқиқот ва додани маълумоти пурраи олӣ дар соҳаи сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати рушд таъсис ёфтааст.
Марказ ба хоҳишмандон курсҳои яксолаи магистратураро дар соҳаи Сиёсати байналмилалӣ ва Сиёсати рушд пешниҳод менамояд. Дар ҳоли ҳозир сафирон, дипломатҳои ҷавону корозмуд, намояндагони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқии муқими Аврупо донишҷӯёни он Марказ мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста