Масъалаи баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатӣ миёни кишварҳо имрӯз мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои ҳукуматии кишвар хабар дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, яқинан ин ҷаласа аввали моҳи ноябр дар Душанбе доир гардида, гуфтушунидҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ин масъала, ки моҳи феврали соли 2009 дар Душанбе баргузор шуда буданд, бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Номбурда таъкид дошт, ки ихтилофи ҷиддии назари ҷонибҳо саҳеҳ кардани хатти марзи давлатӣ дар сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод аст.
Ҷониби Ӯзбекистон исрор меварзад, ки сарбанди нерӯгоҳ бояд дар қаламрави ин кишвар қарор дошта бошад ва ҷониби Тоҷикистон, ки сарбанди нерӯгоҳ таҳти назорати он қарор дорад, баръакси назари Ӯзбекистон исрор меварзад.
Дар ҳамин ҳол, қариб ҳамаи коршиносон дар масъалаи муносибатҳои Тоҷикисону Ӯзбекистон бар ин назаранд, ки ҳаллу фасли мушкилоти сарбанди нерӯгоҳи Фарҳод масъалаи калидӣ дар баҳси кишварҳо қариб аз рӯи ҳамаи масъалаҳо мебошад.
Нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод моликияти Ӯзбекистон буда, ҷонибҳо сари масъалаи дар қаламрави кадом кишвар қарор доштани он баҳс доранд.
Қобили зикр аст, ки айни замон миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини ҳудуди 80%-и марзи давлатӣ, ки масофааш беш аз 1,2 ҳазор километрро ташкил медиҳад, тавофуқ ҳосил шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста