Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Қиёмиддини Аваз дар иттилои дар сомонаи ҳизб интишоршуда қайд кардааст, ки зери фишори ҳукумат ба ариза дар бораи хориҷ шуданаш аз сафҳои ҳизб имзо гузоштааст.
Қ.Аваз зикр мекунад, ки баъди фишори ҳукумат ба оила ва волидони пиронсолаш, ба навиштани аризаи хориҷ шудан аз сафҳои ҲНИТ маҷбур шудааст.
«Волидони маро ба мақомоти шаҳрдории Душанбе даъват намудаанд, то ки онҳо ба ман таъсир расонида, водор созанд, ки сафҳои ҲНИТ-ро тарк кунам ва ман дар ҳузури муовини раиси пойтахт Ҷамила Лангариева маҷбур шудам, ки ба аризаи хориҷшавӣ аз сафҳои ҲНИТ имзо гузорам», - мегӯяд Қ.Аваз.
Дар идома ӯ мегӯяд, то замоне, ки ҳизб дар майдони сиёсати Тоҷикистон расман фаъолият дорад, ӯ худро узви комили он меҳисобад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи майи Шӯрои сиёсии ҲНИТ қароре қабул кард, ки мутобиқи он тамоми аризаҳои иҷборан ҷамъоварда дар бораи хориҷшавӣ аз сафҳои ҳизб ва протоколҳои тартибдодаи мақомот ғайриқонунӣ ва беэътиборанд дониста мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста