Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар чунин мешуморад, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳаққи аз номи тамоми Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин (оппозитсия)-и тоҷик (ИНОТ) сухан гуфтан надорад.
Ба гуфтаи ӯ, намояндагии ҲНИТ дар ин Иттиҳод, ки аллакай аз соли 2003 амал намекунад, ҳамагӣ 25%-ро ташкил медод.
Роҳбари МТС қайд кард, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон ИНОТ аз ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ду намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, ду намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон, як намояндаи созмони «Лаъли Бадахшон» ва як намояндаи муҳоҷирони тоҷик, дар маҷмӯъ аз 8 нафар иборат буд.
Ӯ таъкид дошт, ки «имрӯз аз номи ИНОТ ҳарф задани собиқ аъзои он комилан нодуруст аст». «Бигзор акнун ҳар кадом иттиҳодияи сиёсӣ аз номи худ сухан гӯяд», - гуфт ӯ.
Дар робита ба эҳтимоли баста шудани ҲНИТ аз ҷониби ҳукумат, номбурда зикр кард, ки ҳеҷ касе ба манъи фаъолияти иттиҳодияҳои сиёсие, ки дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ амал мекунанд, ҳуқуқ надорад.
«Аммо, - афзуд ӯ. - Агар ҳизб амалҳои ғайриқонунӣ содир намояд, ки мо аз гузоришҳои телевизионӣ ба он шоҳидем, пас ӯро ба ҷояш мебояд шинонид».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста