Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Уфаи Федератсияи Русия сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёварони президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эркинхон Раҳматуллозода ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дода будем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 9-11 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста