Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди шоми 12 июл бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олимақомро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Зимни нахустин сафари давлатӣ ба Тоҷикистон Нарендра Моди имрӯз, 13 июл бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад. Дар гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, баимзораисии як қатор созишномаҳо дар назар аст.
Зимни ин сафар Нарендра Моди ҳамчунин дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи ҳамватани маъруфи худ – шоир, оҳангсоз, мусаввир, арбоби давлатӣ ва дорандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Робиндронатху Тхакуру (1861 – 1941) дар Душанбе низ ширкат меварзад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста