Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ дар робита хабари ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи «5+1» оид ба барномаи ҳастаии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад: «Пирӯзии афкори созанда дар ин мавзӯъ дарвоқеъ зафар ёфтани ақлу заковат ва тафаккури инсонист, ки он на танҳо ба нафъи Эрони бародар, балки ба манфиати тамоми минтақа аст ва ба мардумони соҳати паҳновари он ва ҳамаи бани Одам зиндагии орому осоишта, пешрафту тараққӣ ва ояндаи хубу осмони беғуборро таъмин мекунад».
Президенти Тоҷикистон мардуми Эронро бо ин дастоварди бузург табрику таҳният гуфта, ба кишвари бародар ва мардуми он амну амонӣ ва рифоҳу саодат орзу намуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ ва пирӯзии иқдомҳои хирадмандона ва дипломатияи созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷонибҳои алоқаманд арзёбӣ кард.
«Мо ин тавофуқ ва комёбиро ба роҳбарият ва мардуми шарифи Эрон ва инчунин кишварҳои гурӯҳи 5+1 самимона табрик мегӯем, - омадааст дар изхороти ВКХ Тоҷикистон дар ин робита. - Аз нахустин рӯзҳои музокироти атомии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ мо бар ин мавқеъ будем, ки мусоламат, ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва эҳтиром бар ҳуқуқу манофеи ҳамдигар заминаи мустаҳкам ва умедбахш дар ин раванд аст».
ВКХ Тоҷикистон изҳори бовар мекунад, ки тасмимҳое, ки дар натиҷаи музокирот дар Вена рӯзи 14 июли соли 2015 гирифта шуданд, ба рушди беш аз пеши Эрон ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда, фасли наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ хоҳанд кушод.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 июл зимни гуфтушунидҳо дар Вена Эрон ва гурӯҳи «панҷ ба изофаи як» дар мавриди созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон ба мувофиқа расиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста