Ҳукуматдорони Қирғизистон созишномаи ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1993-ро расман бекор намуданд.
Хабаргузории РБК дар ин робита менависад, нахуствазири Қирғизистон Темур Сариев қарор дар бораи бекор кардани созишнома бо ИМА аз соли 1993-ро тасдиқ кардааст. Дар ин бора дар сомонаи ҳукумати Қирғизистон низ иттилоъ дода мешавад.
Гуфта мешавад, ин санад аз 20 августи соли 2015 мавриди амал қарор мегирад. Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба аз ҷониби департаменти давлатии ИМА бо ҷоизаи «Муҳофизи ҳуқуқи инсон» қадрдонӣ шудани ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров дар бораи лағви созишнома бо ИМА огаҳӣ дода буд. Аскаровро соли 2011 суди Қирғизистон ба иттиҳоми барангехтани низоъи миллӣ миёни қирғизҳову ӯзбекҳо, ки дар ҷараёни он 893 нафар ҳалок шуданд, ба ҳабси абад маҳкум карда буд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи департаменти давлатии ИМА ба хабаргузории ТАСС дар ин робита гуфтааст, ИМА оқибатҳои техникии қарори якҷониба бекор шудани созишнома бо Қирғизистон аз соли 1993-ро мавриди омӯзиш қарор додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста