Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, сафари кории сарвари давлат аз 28 - ум то 31 - уми июл дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ идома меёбад ва дар ҷараёни он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти як қатор иншооти муҳими бахшҳои гуногун асос гузошта, бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Дарвоз ҳамчунин бо вазъи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба сокинони аз офатҳо зарардида ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои бесарпаноҳмонда шинос мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сарвари давлат баҳри рушду пешрафти иқтисодиёти ин минтақаи кишвар корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди ангат дар ноҳияи Ванҷ ва корхонаи коркарди ғалла дар ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ менамояд. Ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Инчунин дар ин сафар президенти мамлакат ба хотири ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар ноҳияи Ванҷ пули мошингузарро кушода, барои расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ - истиқлолияти комили энергетикӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои бунёди Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” бо истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт ва бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 килоВолтаи “Себзор - Хоруғ” бо дарозии 18 километр санги асос мегузорад.
Барои рушди туризм бошад, ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Дарвоз, комплекси туристию истеҳсолии “Ванҷи боло” дар деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ ва Маҷмааи варзишӣ барои 1700 ҷой дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ, марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ, маҷмааҳои туристию истироҳатӣ, маркази омӯзишии кохи бонувон бо номи Меҳри модар ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста