Сафари кории президенти Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон субҳи имрӯз бо ифтитоҳи пули нав дар роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.
Ин пули мошингузар дар мудати камтар аз як сол аз ҷониби мутахассисони Чин бунёд гардида, иқтидори борбардориаш 100 тонна, дарозиаш 145 метр ва бараш 10,5 метр аст. Ба сохтмони пули мазкур бар асоси созишнома бо Вазорати нақлиёти Чин 4 млн. 306 ҳазор доллари ИМА маблағ масраф шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи пули нав президенти мамлакат ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дастур дод, ки ҷиҳати ифтитоҳ кардани роҳҳои басташуда бар асари офатҳои табиӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дар бораи натиҷаҳои он маълумот дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар дастуру супориш дод, ки ба корҳои таҳияву омодасозии лоиҳаҳои сохтмони пулҳои нав дар вилоят суръат бахшанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста