Моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ сафарҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрҳои Ашқободу Пекин ва Маскав пешбинӣ мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, рӯзҳои 19-20 август Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Туркманистон ташриф оварда, аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушунид бо сарвари ин давлат Гурбонгулӣ Бердимуҳҳаммедов имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба байни кишварҳо дар назар аст.
Бо даъвати раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин президенти Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр аз шаҳри Пекин боздид намуда, дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ва сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон ширкат меварзад.
Рӯзи 23 сентябр президенти Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати Русия ба маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеъи нав дар хиёбони Олимпийскимййи шаҳри Маскав даъват шудааст.
Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, Масҷиди ҷомеи нави Маскав бузургарин дар Аврупо аст. Баландии он тақрибан 75 метр ва майдони фарогирифтаи он на камтар аз 300 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар дохили ин масҷид дар як вақт ҳудуди 5 ҳазор нафар ва майдони паҳлӯи он боз наздики 18 ҳазор нафар ҷойгир шуда метавонанд. Ба маросими ифтитоҳи масҷиди мазкур ҳукумати Русия сарони кишварҳои аксари давлатҳои мусалмонии ҷаҳонро даъват кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста