Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон аз гузоштани санги асоси бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон оғоз гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар масоҳати 0,45 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 8 миллион сомонӣ буда, дар корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб мегарданд.
Сипас сарвари давлат дар ноҳияи Рӯшон дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия барои 460 ҷойи нишаст иштирок кард. Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 утоқи корӣ, толори бошукӯҳи замонавӣ ва дигар биноҳои ёрирасон мавҷуд аст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аст.
Баъди ба истифода додани иншооти муҳими фарҳангӣ президенти мамлакат бо шумораи зиёди сокинону фаъолон ва ҷавонони ноҳия, ки барои истиқболи Сарвари давлат ҷамъ омада буданд, суҳбати самимӣ доир кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста