- Қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бешубҳа ба тундгароии ислом дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад, - чунин ибрози андеша кард ба «Азия-Плюс» Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик ва муаррих, ки сарчашмаҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва авҷи исломгароӣ дар бисёре аз кишварҳои дунёро омӯхтаву таҳқиқ кардааст.
«Изҳороти ҷонибдорони ҲНИТ оид ба хориҷ шудан аз сафҳои ҳизб ё бозпас супурдани билетҳои ҳизбӣ маънои онро надорад, ки ин шахс аз мавқеъи сиёсиаш даст кашидааст ва дигар ба афкору ғояии мавриди таблиғи ҳизб бовар надорад», - қайд кард коршинос.
Ӯ таъкид дошт, ки қатъи фаъолияти ҲНИТ аксари аъзои онро ба пинҳонкорӣ водор менамояд ё маҷбур месозад, ки ба сафҳои созмонҳои динии тундгарои ғайриқонунӣ аъзо шаванд.
«Вақте Ҳизби коммунист дар Иттиҳоди Щӯравӣ сари ҳокимият қарор дошт, гирифтани билети ҳизбӣ аз ҷонибдорони он ва хориҷ шудани аз сафҳои ҳизб барои коммунистон маънои талаф додани ҳама чиз - кору мансаб ва баъзан озодиро низ дар пай дошт, вале бо гирифтани билети ҳизбӣ аз ҷонибдорони ҲНИТ онҳо аз чизе маҳрум намешаванд», - таъкид намуд коршинос.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста